Китоби «Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Международная контролируемая поставка» («Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ»)- таҳти чунин унвон китоби Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди институти таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ, ки то ҳол дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки ташаккули қонунгузорӣ, корҳои анҷомдодашудаи даврони гузаштаро баҳогузорӣ намуда, дурнамои навро дар ин соҳа нишон диҳад.
Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон, судяҳо, прокурорҳо, олимон, омӯзгорон, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






