Корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми гирифтани пора дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари сардори зершуъбаи дуюми Комиссариати ҳарбии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исматулло Ғайратовро ҳангоми гирифтани пора дастгир намуданд.
Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани билети ҳарбии муваққатӣ (ноқобил) маблағи 1600 сомонӣ гирифта, боз овардани 2800 сомонии дигарро талаб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Исматулло Ғайратов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в, г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






