Кумитаи кор бо занон ва оила барои муайян намудани нишондиҳандаҳои зӯроварӣ дар оила тадқиқоти сотсиологӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳазору 503 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2 ҳазору 146 адад кам мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ иттилоъ дод.
Мавсуф дар мавриди сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон гуфт, ки дахолати хешу табори наздик, нофаҳмӣ, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва таваллуди кӯдакони маъюб омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон маҳсуб мешаванд.
«Сабаби дигари ба ҷудошавӣ омада расидани оила-зӯроварии хонаводагӣ мебошад. Имрӯз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии зӯроварӣ корҳои зиёд иҷро намудааст. Аз ҷумла, бо мақсади амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» барои муайян намудани нишондиҳандаҳои зӯроварӣ дар оила дар ҷумҳурӣ тадқиқоти сотсиологӣ анҷом дод»,- иброз дошт Марҳабо Олимӣ.
Тибқи иттилои муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ 5 ҳазору 40 ададро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 5 16 адад зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






