Кумитаи рушди маҳал корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар». Имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки барои татбиқи иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи нави байналмилалӣ амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар барномаҳои нави рушди иқтисодӣ – иҷтимоии вилояту шаҳру ноҳияҳо додани афзалиятҳо барои дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ тавсияҳо дода шудаанд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Кумита дар минтақаҳои гуногун, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, машвартҳо доир гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд.
Ҳамзамон бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои ободонӣ, низоми бо барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо ва шинонидани гулҳо ҳамкории самаранок ба роҳ монда шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






