Либоси сиёҳ, бахусус сатру ҳиҷоб хоси фарҳанги миллиямон нест ва мо занон онро ҳеҷ гоҳ қабул надорем
ФАЙЗОБОД, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барои аз байн бурдани тақлидкорию бегонапарастӣ ва пешгирии вуруди фарҳанги бегона дар пӯшидани либос бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар асоси нақшаю чорабиниҳо дар якҷоягии гурӯҳҳои корӣ дар бозорҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот миёни фурӯшандаю харидорон ва ҷавондухтарони тақлидкор вохӯрию суҳбатҳои инфиродӣ доир менамоянд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Гул Халифаева иброз намуд, ки мақсад аз баргузор намудани ин суҳбатҳо рӯ наовардани занону бонувон ба фарҳанги бегона, махсусан фарҳанги пӯшидани либос ва аз банди худнамоию таассуб, тақлидкориву ҷиҳозпарастӣ раҳо гардидани онҳо мебошад. Хушбахтона, он бонувону ҷавондухтарони ноҳия, ки либосҳои сиёҳу дарози ба фарҳанги мо хос набударо ба бар кардаанд, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муомилаю муносибати хуби гурӯҳҳои корӣ, ҳақиқатро дарк карда, аз тақлидкорӣ даст кашиданд.
Яке аз занҳои собиқадори ноҳия Алқос Мавлонова гуфт: «Муддатҳост мо, занони собиқадору фаъол миёни занону бонувони ноҳия дар тӯю маъракаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, занону духтаронро баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳунаромӯзӣ, касбомӯзӣ, пӯшидани либосҳои миллӣ ва хотима бахшидан ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ даъват менамоем. Мо, бонувони тоҷик бояд бо либоси милии хеш фахр намуда, ҳамеша аз фарҳанги тоҷикии хеш пайравӣ намоем. Либоси сиёҳ, бахусус сатру ҳиҷоб хоси фарҳангии миллиямон нест ва мо занон онро ҳеҷ гоҳ қабул надорем. Гузаштагони мо мегуфтанд, ки либосҳои сиёҳ қалбҳои бонувонро сиёҳ мегардонад ва сабаби ба бемориҳои рӯҳию ҷисмӣ гирифтор шудани онҳо мешавад».








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






