М. Худоёров барои ғояҳои «Давлати исломӣ»-ро қабул ва ҷонибдорӣ кардан 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе М. Худоёров бо моддаи 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.
М. Худоёров аввалҳои соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Климовский Федератсияи Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доштан тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Телеграмм», «Вотсап» ва «В контакте» бо узви ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» Абу-Салоҳ Ахмедов ном ӯзбекзабони шахсияташ ба тафтишот номаълум шинос шуда, ғояҳои ин гурӯҳро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Номбурда дидаю дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, мақсади ба давлати Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданро кардааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, М. Худоёров дар вақти сафар тариқи хатсайри «Москва-Истанбул» дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово ҳангоми бақайдгирии чипта аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардид.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






