Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: «Дар зарфи 3 сол тамоми роҳҳои асосӣ ва дохилии пойтахт пурра таъмир ва асфалтпӯш мегарданд»
ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон баргузор гардид.
Дар нишасти хабарӣ байни роҳбарияти мақомоти мазкур ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи таъмини сокинони пойтахт бо оби нӯшокӣ, сари вақт тоза намудани партовгоҳҳо, таъмири роҳҳо, лифтҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи хоҷагидории пойтахт суолу ҷавоб сурат гирифт.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни посух ба суолҳо зикр кард, ки дар масъалаи таъмини сокинони шаҳр бо оби нӯшокӣ мақомот тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, он яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи хоҷагидории пойтахт маҳсуб мешавад.
Номбурда таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик бо мақсади ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои коммуналӣ теъдоди зиёди техникаи махсусгардонидашудаи соҳаро ба пойтахт ворид намояд.
М. Зувайдзода дар масъалаи корношоям будан ва мушкилоти зиёд доштани таъмири лифтҳои хонаҳои бисёрошёна зикр кард, ки дар ҳақиқат солҳост сокинони ин биноҳо, ки замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳр бунёд шудаанд, бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар ин биноҳо лифтҳои истеҳсоли шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Беларус насб шудаанд, ки пас аз барҳам хӯрдани ин корхонаҳо онҳо ҳам аз лиҳози таъмин бо қисмҳои эҳтиётӣ ва ҳам нарасидани мутахассисони таъмиргар мушкил эҷод менамоянд.
«Ин масъала мавриди баррасии масъулини шаҳр қарор дорад ва роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт» — илова намуд М.Зувайдзода.
М.Зувайдзода ҳамчунин иброз намуд, ки ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт, суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилӣ, хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ роҳҳои пойтахт ба масофаи 26 километру 800 метр бо масоҳати 207 ҳазору 918 метри мураббаъ таъмир ва асфалтпӯш гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар зарфи 3 сол тамоми роҳҳои пойтахт- роҳҳои асосӣ ва дохилии онро пурра таъмир ва асфалтпӯш намояд.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки айни ҳол аҳолии пойтахт 820 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






