«Ман Тоҷикистони азизамро бе Раштонзамину Хатлонзамин тасаввур карда наметавонам» — шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (10.07.2017,№143) дар рубрикаи «Сухани рӯз» гуфтаҳои зерини академик Муҳаммадҷон Шакуриро овардааст: «Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфтанд, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».
Дар саҳифаи аввали нашрия ёддоштҳои иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори телевизиони «Кӯлоб» Сафаралӣ Бозорзода таҳти сарлавҳаи «Таърих. Чанд сатри ногуфта» чоп шудааст. Муаллиф навиштааст: «Тирамоҳи соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардиданд. Хуб дар ёд дорам, ки роҳбари вилоят 1 ноябри соли 1992 дар ҳузури вакилони халқ, қумандонҳои саҳроӣ ва раиси Фронти халқии Тоҷикистон дар бораи ваҳдати миллӣ сухан ронда, барои дӯстию рафоқат ва якпорчагии Тоҷикистон чунин даъват ба амал оварданд: «Агар мо ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ надошта бошем, Тоҷикистон ҳеҷ вақт осудаву ором намешавад. Ман Тоҷикистони азизамро бе Раштонзамину Хатлонзамин тасаввур карда наметавонам. Имрӯз, ки шумоён маро сазовор дониста, роҳбари вилояти Кӯлоб интихоб кардед, фаъолияти кориамро аз сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ оғоз менамоям ва ҳамзамон аз ҳамаи шумоён эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қарор гиред».
Дар идома муаллиф навиштааст: «Чунин суханони ватандӯстона ва дилгармкунанда дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ низ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ки дар амал татбиқ шуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат пойдор гардид».
Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (11.07.2017,№144) матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: Мақсад раҳоии мардум аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ мебошад» нашр кардааст.
Бояд зикр кард, ки даҳ сол пеш бо ҳамовозии амиқи мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар суханронии худ таъкид карданд: «Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, пеши роҳи хурофоту таассуб ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод». Дар идомаи андешаҳои худ Пешвои миллат хотиррасон карданд: «Яке аз сабабҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ дар кишвар, зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму оинҳои миллӣ торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд».
Нашрияи парлумони Тоҷикистон «Садои мардум» (11.07.2017,№82) дар идомаи мавзӯи 10-солагии қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа мақолаи С. Аминиёнро таҳти сарлавҳаи «Қонуни миллӣ бояд дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб шавад» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Тавре аз мисолҳо бармеояд, як қисми сокинони сайёра ҷашнҳои беҳуда ороста, исрофкорӣ мекунанду қисми дигар аз норасоии ғизо дар азобанд. Аз ин рӯ месазад, ки моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва тарғиб намоем, зеро бо пешгирии исрофкорию худнамоиҳои беҳуда вазъи бо озуқа таъмин намудани аҳолии ҷаҳон беҳтар шуда, фарҳанги сарфаю сариштакорӣ баланд мегардад».
Мақолаи дигари дар ҳамин мавзӯи муҳими рӯз нашршуда «Дастархони «чил»-у «сол» бояд хоксорона бошад» — ном дошта, ба қалами С. Наҷмиддинзода тааллуқ дорад, ки дар хотимаи андешаҳои ҷолибаш гуфтааст: «Агар ин маъракаҳо бе оростани дастурхони калон гузаранд, боз беҳтар мебуд. Он гоҳ таъзиябаёнкунандагони аслӣ маълум хоҳанд шуд».
Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» мақолаҳои зерин: «И-и дароз – ҳарф, пасванд, ё…?», «Чаро фаъолияти озмоишгоҳҳо густурда нест?», «Муассисаҳои таълимии хусусӣ: Барномаи давлатӣ амалӣ намешавад», «Истифодаи усули «инсерт» дар таълим», «Қоидаи ғалати забон хонандаро гумроҳ мекунад» ва дигар хабару навидҳоро аз фаъолияти мактабҳои миёна ва олии мамлакат пешниҳоди хонандагон кардааст.
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари инъикоси мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа ба муносибати 10-солагии қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин мусоҳибаи хабарнигори нашрияро бо Ҷ. Ҷаъфаров бо сарлавҳаи «Гуруснагӣ аз марг наҷотам дод» чоп кардааст, ки хеле ҷолиб буда, хонандаро ба пеш бурдани тарзи солими ҳаёт роҳнамоӣ кардааст. Дар саҳифаи дигари нашрияи ҳизбӣ мақолаи Монт Стюарт Элфинстон бо номи «Тоҷикон» (соли 1808) пешкаши хонандагон шудааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Шумораи тоҷикон дар шаҳрҳо бисёр аст ва бахши умдаи ҷамъияти атрофи шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор, Ҳирот ва Балхро ташкил медиҳанд…».