Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад: барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми «А» оғоз гардид

Июль 1, 2017 10:43

ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми «А» оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази  миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар  имтиҳони мазкур иштироки зиёда аз 14 ҳазор нафар довталабони азқайдгузашта дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, ки соли 2017 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 97 000 нафарро ташкил медиҳад.

Имтиҳонҳои даври асосӣ аз 1 то 15 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳоние, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, дар 14 шаҳру ноҳияи интихобӣ баргузор мегарданд.

Нишонии марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, довталабон метавонанд аз он истифода намоянд.

Тибқи нақша 25 июли соли равон довталабон аз натиҷаи холҳои бадастовардаашон огоҳонида мешаванд.

Июль 1, 2017 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад