Миёни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия назорат пурзӯр гардидааст
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1218 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудаанд. Ин нуктаро имрӯз Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба тадбирҳои андешида барои аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ миёни кормандони Агентӣ Сулаймон Султонзода чунин посух дод: «Имрӯзҳо дар назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати амнияти дохилӣ фаъолият менамояд, ки таъмини амнияти дохилӣ, дарёфт ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ миёни худи кормандони ин ниҳод ба дӯши он вогузор карда шудааст».
Сулаймон Султонзода инчунин таъкид намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти аз байн бурдани қонунвайронкунӣ миёни кормандони худи Агентӣ ва, дар маҷмӯъ, бо мақсади решакан намудани ин зуҳурот дар кишвар чораҳои амалӣ мебинад.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар самти коррупсия ба қайд гирифашуда 417 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил намудаанд. Аз ин миқдор 281 адад ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ буда, 61 адади дигари он ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калон ҳисобида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






