Муҳаммад Юнус Даға: «Тоҷикистон пули транзитиест дар минтақа»

Июль 27, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 27.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти  ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар  ҷаласаи гурӯҳи  кории муштарак  оид ба тиҷорат,  сармоягузорӣ ва нақлиёт, ки муддати ду рӯз дар Душанбе доир гардид,  баррасӣ шуд.  Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа гурӯҳи корӣ масъалаҳои дар оянда тақвият додани  равобити иқтисодию тиҷоратии  ду кишварро дар соҳаҳои  сармоягузорӣ, тиҷорат  ва нақлиёт, инчунин  баланд бардоштани  ҳаҷми табодули молу маҳсулот  байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз бандарҳои обии Покистон, ташкили намоишгоҳҳои муштарак,  ҳамоиш бо иштироки доираҳои тиҷоратии ҳар  ду кишвар  ва фаъол гардонидани  кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро баррасӣ намуданд.

Бо дахли тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Покистон  муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайраҳмон Назризода  гуфт, ки  ҳаҷми тиҷорати  минтақавӣ тақозо менамояд, ки    барои  ҳамлу нақл ва боркашонӣ шароити мусоид фароҳам биёрем. Иштирок дар низоми  байналмилалии нақлиётию коммуникатсионӣ, рушди  шабакаи роҳҳои автомобилгарду оҳан дар кишвар шаҳодатест  аз вуҷуд доштани иқтидорҳои бузург ҷиҳати  ташкили шабака ва марказҳои муосири логистикӣ. Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар самти тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон нақши муассир  мегузорад.

Дар ҷаласа  Муҳаммад Юнус Даға,  муовини аввали Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ҳамзамон раиси ҳайати   покистонии    гурӯҳи кории муштарак мебошад,  афзуд, ки Тоҷикистон бо мавқеъияти ҷуғрофияш дар қалби Осиё  қарор дорад. Аз ин рӯ, ин мавқеияти ҷуғрофии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа имконият  медиҳад, то дар муддати кӯтоҳ молу маҳсулотро ба самтҳои мухталиф интиқол диҳанд.  Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун пули транзитӣ дар мавриди ҳамлу нақли  молу маҳсулот эътироф гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки  Муҳаммад Юнус Даға,  муовини аввали Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон,  бо як ҳайати расмии  покистонӣ 24 июл ҷиҳати иштирок  дар ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак  оид  ба  тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт  ба Душанбе ташриф оварда буд.  Дар ин муддат Муҳаммад Юнус  Даға  бо роҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои  иқтисодии Тоҷикистон мулоқот намуда, роҳҳои тақвияти  ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуд.

 

Июль 27, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст