Муҳаммад Юнус Даға: «Тоҷикистон пули транзитиест дар минтақа»
ДУШАНБЕ, 27.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак оид ба тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт, ки муддати ду рӯз дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд. Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа гурӯҳи корӣ масъалаҳои дар оянда тақвият додани равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишварро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат ва нақлиёт, инчунин баланд бардоштани ҳаҷми табодули молу маҳсулот байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз бандарҳои обии Покистон, ташкили намоишгоҳҳои муштарак, ҳамоиш бо иштироки доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар ва фаъол гардонидани кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро баррасӣ намуданд.
Бо дахли тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Покистон муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайраҳмон Назризода гуфт, ки ҳаҷми тиҷорати минтақавӣ тақозо менамояд, ки барои ҳамлу нақл ва боркашонӣ шароити мусоид фароҳам биёрем. Иштирок дар низоми байналмилалии нақлиётию коммуникатсионӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгарду оҳан дар кишвар шаҳодатест аз вуҷуд доштани иқтидорҳои бузург ҷиҳати ташкили шабака ва марказҳои муосири логистикӣ. Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар самти тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон нақши муассир мегузорад.
Дар ҷаласа Муҳаммад Юнус Даға, муовини аввали Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ҳамзамон раиси ҳайати покистонии гурӯҳи кории муштарак мебошад, афзуд, ки Тоҷикистон бо мавқеъияти ҷуғрофияш дар қалби Осиё қарор дорад. Аз ин рӯ, ин мавқеияти ҷуғрофии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа имконият медиҳад, то дар муддати кӯтоҳ молу маҳсулотро ба самтҳои мухталиф интиқол диҳанд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун пули транзитӣ дар мавриди ҳамлу нақли молу маҳсулот эътироф гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Муҳаммад Юнус Даға, муовини аввали Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо як ҳайати расмии покистонӣ 24 июл ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак оид ба тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт ба Душанбе ташриф оварда буд. Дар ин муддат Муҳаммад Юнус Даға бо роҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои иқтисодии Тоҷикистон мулоқот намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






