Муаррифии Стратегияи милии рушди Тоҷикистон дар Ҳамбург
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замини федеролии Ҳамбурги Олмон дар чорчӯби таҷлили 20-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷамъомад зери унвони «Ваҳдати миллӣ – асоси рушди миллии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он доираҳои сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, вакилони Бундестаг, корпуси дипломатӣ, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯён иштирок карданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Ҷамъомадро Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин оид ба талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа маълумот дод.
Зикр гардид, ки маҳз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат имкон дод, ки дар мамлакат барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат барои расидан ба рушди устувор қабул гардида, марҳила ба марҳила амалӣ шаванд. Сипас, ба ҳозирин Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2030 муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки Ҳукумати Олмон ба ҳайси шарики муҳими Тоҷикистон дар Аврупо омодагии худро барои мусоидат ба амалӣ гардидани бандҳои Стратегияи миллии рушд иброз кардааст.
Вакили Бундестаги Олмон Юрген Климке ба ҳозирин аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон, ки аввали моҳи июни соли равон сурат гирифта буд, нақл кард. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар ҳама самтҳо ба натиҷаҳои хубу назаррас ноил гардидааст ва захираву имкониятҳои зиёди иқтисодиро доро мебошад. Номбурда аз доираҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монанд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст






