Мулоқоти директори АМИТ «Ховар» бо роҳбарияти идораи «Рӯзномаи иқтисодии Синзян» ва идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо»

Июль 28, 2017 17:51

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» мулоқоти директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати меҳмонон аз музофоти Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид. Ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар мулоқоти мазкур намояндагони дафтари матбуоти Ҳукумати Синзяни Хитой, идораи «Рӯзномаи иқтисодии Синзян», идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» муаррифӣ намуданд.

Зимни мулоқот Саидалӣ Сиддиқ, директори АМИТ «Ховар» оид ба таърихи 92-солаи Агентии иттилоотии «Ховар, солҳои нахустини фаъолияти он, душвориҳои даврони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, муваффақиятҳои беназири нимаи дуюми асри ХХ, таҳаввулоти сохтории  агентӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, инчунин сабку услуб, тарзи пешниҳоди хабари дақиқу саҳеҳ ва доир ба ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» ба меҳмонон маълумот пешниҳод кард.

Хизиркелдӣ Абдураҳмон, раиси Кумитаи таблиғотии Ҳизби коммунисти музофоти Синзян, роҳбари ҳайати меҳмонон изҳор кард, ки музофоти Синзян дар давоми чанд соли охир ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ мушарраф гашта, сохтмони иншооти гуногун, роҳу нақбҳо ва дигар инфрасохторҳои зарурӣ ба таври густурда ҷараён дорад. Сатҳи зиндагии сокинони музофоти Синзян ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин минтақа ба таври бесобиқа боло рафтааст. «Мо омода ҳастем ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамсояи наздики Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, дар амалӣ шудани ҳадафҳои стратегӣ ва иҷрои барномаи Стратегияи миллии рушд кумаки беғаразонаи худро расонем», — зикр кард Хизиркелдӣ Абдураҳмон.

Зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории судманди АМИТ «Ховар» бо идораи «Рӯзномаи иқтисодии Синзян» ва идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба масъалаи мазкур қарор карда шуд, ки дар наздиктарин фурсат санадҳои зарурӣ барои барқарор намудани ҳамкорӣ байни Агентии «Ховар» ва ин ду нашрияи маъруфи Ҷумҳурии Халқии Хитой омода карда мешаванд.

Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки муносибатҳои неку дӯстона байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси муносибатҳои самимонаву дӯстонаи роҳбарони ду кишвари шарики стратегӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷин Пин ба роҳ монда шудаанд.

Мулоқот дар фазои самимӣ ва дӯстона баргузор шуд.

Хотиррасон мешавем, ки дирӯз ҳайати меҳмонон аз музофоти Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади таҷлили 5-солагии таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ба Тоҷикистон омадаанд.

 

 

Июль 28, 2017 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд