Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо ноиби Президенти Бонки исломии рушд Саид Оғо
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби Президенти Бонки исломии рушд Саид Оғо мулоқот кард.
Дар мулоқот ба таври муфассал масъалаҳои роҳандозӣ намудани робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои наву афзалиятнок, аз ҷумла мусоидат ба раванди барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ, бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилгард, тақвияти истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмании хешро барои густариши бештари ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохтори роҳу нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷчуҳ таъкид намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






