Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Июль 6, 2017 16:47

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бустонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пугус” бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот, ки бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид, вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Боздиди навбатии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадами устувору боварибахш дар роҳи густариш ва тақвияти равобити нек ва дӯстии таърихии мардумони Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки тамосҳои мунтазами сиёсии ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ,  дар давоми 25-соли барқарории робитаҳои дипломатӣ хусусияти мунтазамро касб намуда, пур аз дастовардҳои воқеан таърихӣ мебошанд.

Ҳамдастию ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таърихии КАСА-1000 намунаи барҷастаи робитаҳои сатҳи олӣ номида шуд ва иштироки бевоситаи роҳбарияти Афғонистон дар кори нишасти имрӯза боз як далели пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Афғонистон аз ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ маънидод гардид.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил баргузор гашт, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории мустақим, инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳои нақлиёт ва оҳан, инчунин истифодаи имкониятҳои муштараку минтақавии транзитӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои ҳамдастии минбаъда дар роҳи таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва барои таҳкими сарҳади байнидавлатӣ табодули афкор намуданд.

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои пайваста дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомии Афғонистон, дастгирии ин кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки ҷониби Афғонистон дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон пайваста талош хоҳад кард, ки сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба таври доимӣ ҷавобгу ба манфиатҳои миллии ҳарду давлат бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор дошта, баррасӣ шуд.

 

Июль 6, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд