Мулоқоти Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

Июль 25, 2017 15:24

ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Иззам Абдулкарим Алқейн мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ дипломати тоҷик ба ҷониби Саудӣ даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Одил ибни Аҳмад Алҷубайрро барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ  бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 15-16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тақдим намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

Июль 25, 2017 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид