Муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ мулоқот намуд

Июль 14, 2017 11:44

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо хонум Афшан Хан — роҳбари минтақавии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои Аврупои Марказию Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафҳо вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳо ибрози ақида намуда, аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои муштарак дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Қайд гардид, ки яке аз ниҳодҳои фаъол дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак ин Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст ва механизми самараноки амалисозии пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба шумор рафта, тавассути он фаъолияти мақомоти давлатӣ, маҳаллӣ, шаҳраку деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак ва танзими масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд ҳамоҳанг карда мешавад.

Ҳамчунин Афшан Хан иброз намуд, ки тайи чанд соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид  омодааст, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳо ва татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳамаҷониба расонад.

Тарафҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва самаранок истифода бурдани имкониятҳоро мутақобилан судманд баҳогузорӣ намуда, талошҳои муштаракро ба хотири густариши  беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои ҳарду ҷониб  хонданд.

Июль 14, 2017 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид