Мушоҳидаи объекти кайҳонии ғайриоддӣ дар Расадхонаи «Санглох»

Июль 31, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар/. Дар байни ҷирмҳои Системаи офтобӣ кометаҳо бо шаклҳои тағйирёбандаи худ диққатҷалбкунанда мебошанд. Ҳангоми ба Офтоб наздик шудан дар масофаҳои 450 млн. км бухоршавии яхҳои комета сар мешавад. Фаввораи газу чангҳо думҳоро ташкил мекунад ва бо ин хосият комета аз астероид фарқ мекунад. Маҳз аз ин сабаб чунин ҷирми думдор «комета», яъне дар тарҷума аз юнонӣ «гесудор» номгузорӣ шудааст.

Солҳои охир дар байни сайёраҳои Муштарӣ ва Нептун гурўҳи ҷирмҳо кашф шуд, ки бо хосиятҳои худ ҳам ба астероидҳо ва ҳам ба кометаҳо монанд мебошанд. Бо вуҷуди соҳиби хосиятҳои дугона будан, чунин ҷирмҳоро «кентаврҳо» бо шабоҳат ба одами дорои танаи асп аз асотирҳои юнонӣ ном гузоштанд. Хосияти пурасрори кентаврҳо дар он аст, ки ҳатто дар масофаҳои хеле дур аз Офтоб онҳо фаввораҳои газу чангӣ ҳосил мекунанд. Одатан дар ин масофаҳо кометаҳои оддӣ ин гуна фаъолиятро нишон намедиҳанд. Ин муаммо то ҳол ҳалли худро наёфта, яке аз масъалаҳои муҳими астрономияи замонавӣ ҳисоб меёбад.

Олимони Тоҷикистон ҳам дар ин самт саҳми худро мегузоранд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ дод, моҳи июли соли равон кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими калони Институти астрономии Академияи илмҳои Словакия Александра Иванова нақшаи тадқиқотҳои илмии муштаракро тартиб доданд.

Новый рисунокДар Расадхонаи «Санглох» ҷирми кайҳонӣ аз гурўҳи кентаврҳо дар масофаи 900 млн. км аз Офтоб мушоҳида шуд. Номи ин кентавр 29/Р Швасман-Вахман мебошад ва сабаби пайдо кардани фаъолияти кометавии ҷирми мушоҳидашуда ҳоло номаълум аст. Кўшишу ғайрати олимони ин гурўҳи байналмилалӣ ба омўзиши ин ҳодиса равона аст.

Дар ин тадқиқот телескопи якметраи «Санглох» воситаи муҳим аст ва чунин ҷирми хираи дар масофаи дур ҷойгирбударо ба қайд гирифт. Аз рўи коркарди маводи мушоҳида мавқеи кентавр муайян шуда, натиҷаҳо дар Маркази сайёраҳои хурди Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо қабул шуданд. Тадқиқот дар ин самт давом дорад ва дигар хосиятҳои кентавр, аз ҷумла таркиб, сохтор ва андоза муайян хоханд шуд. Ба раванди мазкур кулли олимони ҷавони Пажӯҳишгоҳи астрофизика ҷалб шуданд ва аз таҷрибаи олими Словакия А.Иванова баҳра гирифтанд. Дастовардҳои илмии ҳамкории байналмилалӣ дар маҷаллаҳои махсуси ҷаҳонӣ нашр мегарданд ва дар конференсияҳо пешниҳод мешаванд.

Июль 31, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид