Мутахассисони «Тоҷикстандарт» дар ним сол 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартиро ошкор намуданд

Июль 14, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 14.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ва корҳои сертификатсионӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1010 тонна маҳсулоти гуногуни  хӯроквории ғайристандартиро ошкор намудаанд.

Ибодулло Қурбониён, директори  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) 14 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аксар маҳсулоти ғайристандартие, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикистандарт» зимни гузаронидани назорати давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд,  бо роҳи қочоқ ворид гардидаанд. Роҳбари мақомоти «Тоҷикстандарт» зикр  намуд, ки як қисми ин  маҳсулотҳо  аз ҷиҳати нишондоди сифат ва бехатарӣ ва қисми дигараш аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.

Таъкид шуд, ки дар ин давра дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии  «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ  71 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 339 тонна равғани растанӣ,  беш аз 15 тонна  маҳсулоти макаронӣ, зиёда аз 6,9 дал нушокиҳои спиртӣ (1 дал баробар  ба 10 литр), беш аз 4,4  дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 93 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 69 тонна маҳсулоти ширӣ,  66 тонна консерваҳо, 37,5 тонна чой, какао, қаҳва, 111 тонна иловагиҳои ғизоӣ, 10 тонна меваю сабзавот ва дигар маҳсулот аз ташхис гузаронида шуданд, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотианд. Зикр шуд, ки дар иртибот ба ин масъала  нисбати  соҳибкорони воридкунандаи ин маҳсулотҳои ғайристандартӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Июль 14, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд