Мутахассисони «Тоҷикстандарт» дар ним сол 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартиро ошкор намуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ва корҳои сертификатсионӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1010 тонна маҳсулоти гуногуни хӯроквории ғайристандартиро ошкор намудаанд.
Ибодулло Қурбониён, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) 14 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аксар маҳсулоти ғайристандартие, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикистандарт» зимни гузаронидани назорати давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо роҳи қочоқ ворид гардидаанд. Роҳбари мақомоти «Тоҷикстандарт» зикр намуд, ки як қисми ин маҳсулотҳо аз ҷиҳати нишондоди сифат ва бехатарӣ ва қисми дигараш аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 71 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 339 тонна равғани растанӣ, беш аз 15 тонна маҳсулоти макаронӣ, зиёда аз 6,9 дал нушокиҳои спиртӣ (1 дал баробар ба 10 литр), беш аз 4,4 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 93 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 69 тонна маҳсулоти ширӣ, 66 тонна консерваҳо, 37,5 тонна чой, какао, қаҳва, 111 тонна иловагиҳои ғизоӣ, 10 тонна меваю сабзавот ва дигар маҳсулот аз ташхис гузаронида шуданд, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотианд. Зикр шуд, ки дар иртибот ба ин масъала нисбати соҳибкорони воридкунандаи ин маҳсулотҳои ғайристандартӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






