Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Июль 13, 2017 10:46

            ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони  вазорату кумитаҳои кишвар ҷамъомад доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дурнамои он баррасӣ гардиданд.

Дар назди ҳозирин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, сардори  Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифзода  ва намояндагони   пажӯҳишгоҳу  донишкадаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба равандҳои рушди иқтисодиёти  миллӣ  дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар сухан карданд.

Таъкид шуд,  ки  ҳар яки моро мебояд  баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва  эҳёву пойдории арзишҳои давлатдории миллӣ, ки заминаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аст, сарҷамъона кору фаъолият намоем. Ҳамзамон дар ҷамъомад атрофи масъалаҳои марбут ба пешгирии вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ҷиҳати таъмини буҷети ҷумҳурӣ  табодули назар карда шуд.

Июль 13, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст