Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳои кишвар ҷамъомад доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он баррасӣ гардиданд.
Дар назди ҳозирин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифзода ва намояндагони пажӯҳишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба равандҳои рушди иқтисодиёти миллӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар сухан карданд.
Таъкид шуд, ки ҳар яки моро мебояд баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёву пойдории арзишҳои давлатдории миллӣ, ки заминаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аст, сарҷамъона кору фаъолият намоем. Ҳамзамон дар ҷамъомад атрофи масъалаҳои марбут ба пешгирии вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ҷиҳати таъмини буҷети ҷумҳурӣ табодули назар карда шуд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






