Нишастҳои матбуотии Вазорати нақлиёт, Роҳи оҳани Тоҷикистон, «Тоҷикаэронавигатсия» ва «Тоҷик Эйр» рӯзи душанбе баргузор мешаванд

Июль 29, 2017 10:50

ДУШАНБЕ, 29.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 31 июли соли 2017 нишастҳои матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли равон гузаронида мешаванд.

Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соати 9:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (ш. Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур, 27) таъйин шудааст.

Роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) бо намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқот мекунанд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои  ахбори оммаро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон 31 июл, соати 10:00 ба толори вазорати мазкур даъват кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр» иштирок мекунанд ва ба саволҳои журналистон ҷавоб мегӯянд.

Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

Июль 29, 2017 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад