Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешаванд

Июль 24, 2017 15:12

ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 июли соли 2017 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ   нишастхои матбуотии роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Агентии хоҷагии ҷангал ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» гузаронида мешаванд.

Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 9:00,  нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал соати 11:00, нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он соати 14:00  ва нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

Июль 24, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад