Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 июли соли 2017 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишастхои матбуотии роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Агентии хоҷагии ҷангал ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» гузаронида мешаванд.
Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 9:00, нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал соати 11:00, нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он соати 14:00 ва нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудаанд.
Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО посух медиҳанд.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






