Носир Саидов: «Аз такрори барзиёди барномаҳо даст кашида, бештар барномаҳои аслро ба бинандагон пешниҳод намудем»
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд.
Дар нишаст директори Муассисаи мазкур Носир Саидов зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳайати эҷодии муассиса кӯшиш кард, ки аз такрори барзиёди барномаҳо даст кашида, бештар барномаҳои аслро ба бинандагон пешниҳод намояд.
«Ҳамин буд, ки дар семоҳаи дуюми соли равон 14 барномаи нав, аз қабили «Кӯҳандиёр», «Шоми Душанбе», «Қадамҷо», «Эпилог», «Ёрии таҷилӣ», «Имзои муҳаббат», «Пурсуков», «Рӯ ба рӯ», «Тафсир», « Сират», «Тану ҷон», «Сайри Тоҷикистон», «Шоми ғазал», «Як рӯзи ман», «Деҳи ман» ва «Санҷиш» дар жанрҳои гуногун таҳияву пахш гардиданд»,-афзуд Н.Саидов.
Директори «Телевизиони Сафина» ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар семоҳаи дуюми соли равон бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби мероси фарҳанги халқи тоҷик ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни халқ дар ҷодаи санъати рақс, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба ва эҳёи фолклор Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017»-ро роҳандозӣ намуд. Фестивал-озмун охири моҳи сентябр дар доираи ҷашнгирии 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибони он зимни як консерти калон бо диплому мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






