Нуриддин Саид: «Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст»

Июль 10, 2017 17:46

ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир  намуд.

Дар нишаст Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зикр  кард, ки  санҷишҳои дар се соли охир гузаронида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки азхудкунии  барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилот дар соли 2013  — 73.3 ва 32.7%, соли 2014- 74.1 ва 34.2%, соли 2015 -75.1 ва 35.5% ва соли 2016 — 77.8 ва 37.3%-ро ташкил додааст.

Нуриддин Саид ҳамчунин зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон  аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ  бинои 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4340 ҷойи нишаст ва 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 840 ҷойи нишаст сохта ба истифода  дода шудааст.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ фаъолият доштани  мактабҳои хонагӣ посух дода,  зикр кард, ки  дар ҳақиқат  дар   муқоиса ба 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ   дар 25-соли  соҳибистиқлолии кишвар  сохтмони мактабҳои замонавӣ  ба маротиб  афзуда бошад ҳам,  вале дар   деҳаҳои  дурдасти кӯҳистон, ки баъзе аз аҳолӣ  бо мақсади обод кардани    ватани бобоӣ ба он ҷойҳо кӯч бастаанд, ҳанӯз ҳам чунин мактабҳо фаъолият доранд. Номбурда таъкид намуд, ки Вазорати  маориф ва илми ҷумҳурӣ  талош дорад, ки дар ояндаи наздик   чунин мактабҳоро, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, бо муассисаҳои муосири таълимӣ  иваз намояд. Ба иттилои Вазир, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар нишаст ҳамчунин дар  иртибот ба суолҳои хабарнигорон зикр гардид, ки  дар мавсими тобистонаи соли 2017 аз  ҷумла 4877 лагеру мавзеъҳои истироҳатии хонандагон, 56 лагери беруназшаҳрӣ, 2614 наздимактабӣ, 186 истироҳатию меҳнатӣ, 530 варзишию солимгардонӣ ва 141 таълимӣ-фароғатӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо 146 753 нафарро фаро мегиранд.

Июль 10, 2017 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад