Қочоқи доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ гардид

Июль 24, 2017 15:11

ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи маводи  доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.  Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён»  зимни муоинаи гумрукии нақлиёти боркаши «Дулон», рақами қайди давлатиаш ТҶ 36 — 14 ВК 01, ки аз ҷониби шаҳрванди 33-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.И. идора мегардид, 186 дона маводи дорувории «Gelofusine»,  7 ҳазору 500 ампула маводи дорувории «Diazepam  injection» ва   840 дона балзами   «Clometasol 0.05%» ошкор ва мусодира намуданд.

Манбаъ итттилоъ медиҳад, ки  шаҳрванд Т.И. мехост бидуни назорати гумрукӣ ва  санадҳои тасдиқкунанда  маводҳои дорувориро  ба қаламрави Тоҷикистон ворид намояд.  Гуфта мешавад, ки нисбат ба  шаҳрванд Т. И. бо моддаи 200 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол  гардидааст.

Июль 24, 2017 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид