Озмун барои муайян намудани беҳтарин корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба корҳои ободонӣ

Июль 31, 2017 11:44

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии шиносоӣ бо тартибу талабот оид ба баргузории чорабиниҳои озмун мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017 ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 вабаста ба муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, сабзазоркунӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ ва барқарорсозии боғҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ муовинони раисони ноҳияҳои шаҳр, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди махали Кумитаи рушди маҳал, аъзои комиссияи шаҳри Душанбе ва комиссияи ноҳиявӣ оид ба баргузории озмун ва кормандони Кумитаи рушди маҳал ширкат варзиданд.
Ҳадафи ҷаласа мушаххас намудани тартиб, шарти баргузории озмун ва муайян намудани ғолибҳо буд.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи вазифаҳои хеш бо мақсади ҳамкорӣ ва расонидани кумаки амалия дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррасро ба анҷом расонида, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ баҳри омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт равона сохтааст.

Июль 31, 2017 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд