Пайвандсозии мағзи устухон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли равон аввалин маротиба дар кишвар, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шўъбаи пайвадсозии мағзи устухон ба фаъолият шурўъ намуда, ба 2 нафар бемор чунин амалиёт гузаронида шуд, ки ин як дастоварди наҷиби соҳаи тиби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нуқтаро имрӯз Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Маврид ба зикр аст, ки шуъбаи пайванди мағзи устухон дар рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин Марказ ба кор шурӯъ карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Марказӣ нахустин ниҳодест, ки бо таҷҳизоти муосири пайвандсозӣ, ки истеҳсоли ИМА аст, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 таъсис дода шуда, то имрўз дар маҷмўъ ба зиёда аз 306 нафар беморон амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 19 нафар беморон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.
Ба иттилои Насим Олимзода, дар 6 моҳи соли 2017 ба 36 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Ҳамзамон, дар муассисаи мазкур дар 6 моҳи соли равон ба 28 нафар беморон ва то имрўз дар маҷмўъ ба 63 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии метаболикӣ ҳангоми бемории фарбеҳӣ ва диабети қанди навъи 2 бомуваффақият анҷом дода шуд.
Тибқи иттилои дастрас, ба «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» аз хориҷи кишвар низ муроҷиат менамоянд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Лубнон, Афғонистон ва Исроил мебошанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






