Рӯзи душанбе Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли соли 2017 оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 10 июл, соати 9:00 ва нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамон рӯз соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ошёнаи 2 бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ, хиёбони Рӯдакӣ – 40) гузаронида мешаванд.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарони аввали Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар давоми нимсолаи якуми соли равон ҳисобот пешниҳод карда, бо рӯзноманигорон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи маориф, инчунин оид ба равандҳои замони муосир зимни суҳбати рӯ ба рӯ фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунанд.
Нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.
Нақшаи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шуда, мутассадиён пас аз баргузор гардидани нишасти матбуотӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур менамоянд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






