РӮЗУ РӮЗГОРАТОН ШИРИН БОД! Дар бисёр кишварҳо 11 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоколад таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 11.07.2017/АМИТ «Ховар»/. 11 июл — Рӯзи умумиҷаҳонии шоколад (World Chocolate Day) аст. Он бори нахуст соли 1995 аз ҷониби фаронсавиҳо таҷлил гардида, ҳамчун «рӯзи ширин» дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус Аврупо ҷашн гирифта мешавад.
Шоколад ширинии қадимӣ буда, дорои таърихи ҳазорсола аст. Агар таърихи ба роҳ мондани истеҳсоли шоколадро варақ гардонем, шоҳиди он мегардем, ки бори нахуст испаниҳо дар Аврупо усули ба роҳ мондани истеҳсоли шоколадро ҷорӣ намуданд. Ҳарчанд испаниҳо саъй намуданд, то усули истеҳсоли шоколадро махфӣ нигоҳ доранд, то дигар халқу миллатҳо нозукиҳои омода намудани онро аз худ накунанд, вале ба онҳо мушарраф нагардид, балки тарзи омода намудани шоколад бо тадриҷ ба дигар кишварҳо паҳн шуд. Ин аст, ки дар қарни 17 дар бархе аз кишварҳои Аврупо қаҳвахонаҳо ташкил гардида, дар онҳо фурӯши нӯшобаи шоколадӣ ба муштариён ба роҳ монда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки истеъмоли шоколади тираранг манбаи моддаҳои зиёди фоиданок буда, табъи касро болида мегардонад. Инчунин шоколад барои одамон сарчашмаи ба вуҷуд овардани ҳиссиёти хушбахтист ва ба системаи асаб таъсири мусбат расонида, рӯҳи касро болида мегардонад, неруву тавоноӣ мебахшад. Мутахассисон бар он назаранд, ки дар таркиби шоколад гипотеза мавҷуд аст, ки он хусусияти мубориза бар зидди бемории саратонро дошта, раванди пиршавии организми инсонҳо низ то андозае бозмедорад. Ҳамзамон олимон ба шахсоне, ки фарбеҳанд ё вазнашон нисбат ба синнашон аз меъёр зиёд аст, тавсия медиҳанд, ки шоколад истеъмол намоянд. Одамоне, ки бештар шоколад истеъмол менамоянд, аз синну солашон ҷавонтар ба назар мерасанд. Инчунин пажӯҳиши густурдаи олимон тасдиқ кардааст, ки одамоне, ки мунтазам шоколад мехӯранд, камтар ба бемориҳои дилу раг ва инсулт дучор мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Рӯзи байналмилалии шоколад дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон дӯстдорони ин ширинии қадимӣ ба фабрикаю корхонаҳҳои қаннодӣ рафта, бо усули истеҳсоли шоколад аз наздик шинос мегарданд, бо мутахассисон ва қаннодон доир ба тарзи омода намудани шоколад суҳбат мекунанд, аз дастовардҳо ва пешрафти соҳаи истеҳсоли шоколад бохабар мегарданд. Инчунин дар Рӯзи байналмилалии шоколад дар баъзе аз давлатҳо ҷашнвораҳо ва ҳар гуна чорабиниҳои гуногуни дилхушкунанда гузаронида мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардумаш дар радифи сокинони дигар давлатҳои ҷаҳон шириниро дӯст медоранд, бештар шоколадро атрофи як пиёла чой дар ҷамъи хонавода, ҳамкасбон ва ёру дӯстон истеъмол менамоянд, ки он на танҳо хушҳолию тавоноӣ мебахшад, балки барои таҳкими риштаи дӯстӣ ва афзудани меҳру муҳаббат байни аҳли хонавода, ҳамкасбон ва ёру дӯстон заминаи боъэтимод мегузорад. Инчунин дар аксар маврид ёру дӯстон, ҳамкасбон дар иду ҷашнҳо ва рӯзи мавлуд ба ҳамдигар дар радифи гулдаста ҳатман як бастаи шоколадро хамчун рамзи ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои нек ва комёб шудан ба рӯзгори рангину гуворо ҳадя менамоянд ва мегӯянд: «Рӯзу рӯгоратон ширин бод!»
Дар Тоҷикистон нисбат ба шоколад ва дигар шириниҳо талабот зиёд аст. Ин аст, ки дар бисёр марказҳои савдо, фурӯшгоҳҳо, ки барои шоколад ва дигар шириниҳо махсус гардонида шудаанд, дар радифи шоколад ва дигар маҳсулоти қаннодии истеҳсоли кишварҳои Россия, Украина, Қазоқистон, Туркия навъҳои гуногуни маҳсулоти шоколадии фабрикаи «Ширин», ширкатҳои «Амирӣ», «Шириниҳои Шарқ» ва ғайра ба фурӯш гузошта шудаанд.
Марзия САИДЗОДА














ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






