Раиси Кумитаи телевизион ва радио пешниҳоди хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»-ро ҷонибдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон баргузор гардид. Дар нишасти мазкур байни роҳбарияти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯъҳои сатҳу сифати барномаҳои Телевизиони «Тоҷикистон», забони онҳо, рушди синамои тоҷик ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа суолу ҷавоб сурат гирифт.
Дар нишасти хабарӣ хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Тилло Некқадам пешниҳод намуд, ки тавре синамогарони қазоқ дар бораи Президенташон Нурсултон Назарбоев филми ҳунарӣ офаридаанд, хуб мешуд, ки синамогарони тоҷик низ чунин як филме ба навор гиранд, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллатро инъикос намояд. Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён роҷеъ ба пешниҳоди мазкур зикр кард, ки филми бадеии «Фазои бачагии ман» («Небо моего детства») –ро, ки дар бораи Нурсултон Назарбоев таҳия шудааст, тамошо кардааст, ки он хеле хуб офарида шудааст. Номбурда илова намуд, ки синамогарони тоҷик низ дар ин маврид нақшаҳои зиёд доранд ва барои офаридани филми ҳунарӣ дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳоро доранд. М.Шоҳиён ҳамчунин зикр кард, ки Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ омода аст барои дарёфти беҳтарин сенария озмун эълон намояд ва ҳамаи эҷодкорони ҷумҳурӣ метавонанд дар он иштирок намоянд.
Роҳбарияти кумита зимни посух ба суолҳои хабарнигорон дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар мавриди ба ҷойи филмҳои бегона, аз ҷумла туркиву эронӣ таҳия ва пахш намудани филмҳои ҳунарии истеҳсоли синамогарони тоҷик, ки тараннумгари таъриху фарҳанги миллат, аз ҷумла либоси миллӣ мебошанд, посух дода, аз ҷумла зикр намуд, ки айни ҳол лоиҳаи «Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022» таҳия гардида истодааст ва роҳандозии барномаи мазкур барои тавлиди беҳтарин филмҳои ҳунарии истеҳсоли синамогарони тоҷик мусоидат хоҳад кард.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади рушди синамои тоҷик дар бораи ба корхонаи мустақил табдил додани Киностудияи «Тоҷикфилм» пешниҳодҳо таҳия гардида истодаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






