Раиси шаҳри Гулистон: «Дар шаш моҳ фарқияти содироти мол аз воридот 3,1 маротиба афзудааст»

Июль 31, 2017 12:06

ХУҶАНД, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 21 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ ба роҳ монда, дар маҷмӯъ гардиши савдои хориҷиро ба 217,6 млн доллари амрикоӣ расониданд. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 165,1 миллион доллар ва воридот ба 54 миллион доллар баробар гашта, фарқияти содирот аз воридот 3,1 маротиба зиёд гашта, асоси самти содиротӣ ба кишварҳои Авруосиё, чун Россия, Чин, Қазоқистон, Туркия, Бангладеш ва дигар кишварҳо равона карда шудааст. Дар ин бора раиси шаҳри барқчиёни шимоли кишвар – Гулистон Матлубахон Сатториён зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дод.
Ба иттилоъи шаҳрдори Гулистон, яке аз падидаҳои хуб- ин аз нав бо фаъолияти пурсамар ба роҳ мондани коргоҳи шӯҳратёри «Қолинҳои Қайроққум» мебошад, ки ҳоло дар он 213 нафар фаъолият доранд. Тибқи нақша то моҳи сентбри соли равон дар коргоҳ боз чанд дастгоҳи нав насб гардида, 70 ҷои нави корӣ ташкил карда мешавад. Роҳбарияти коргоҳ азм доранд, ки то соли 2020 ҳаҷми иқтидори истеҳсоли маҳсулотро ба 5 млн сомонӣ расонанд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз ҷониби 27 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 1 миллиарду 583,4 миллион сомонӣ махсулот истеҳсол гаштааст.
Ҳамчунин вобаста ба паҳлӯҳои дигари иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳр Матлубахон Сатториён баён дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси шаҳр 13 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар раванди иҷрои барномаи вилоятии «Роҳҳои обод» дар қаламрави шаҳр дар масоҳати 0,75 км корҳои таъмири асосӣ, 4,5 км таъмири ҷорӣ ва 22,5 км шағалпӯшкунӣ гузаронида шуд. Дар шаш Маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ то имрӯз 520 метр адрас ва 30 калобаи 100-метра, 20 метр гарданбанди занона, 8 қолинча ва 50 метр алоча омода гардида, 185 нафар занону духтарони хонанишин низ соҳибкасб гардиданд. Инчунин ба муассисаҳои минтақаи истироҳатии шаҳр беш аз 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 10 ҳазору 670 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ омаданд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми маблағи воридшуда наздик ба13 миллион сомониро ташкил дод.

Июль 31, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид