Раиси Суди Олии Тоҷикистон Ш.Шоҳиён: «Дар кам шудани парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористидошта саҳми ВАО зиёд аст»

Июль 17, 2017 18:07

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ҳамаи марҳалаҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 425 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, аз вайронкунандагони қонуни мазкур ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 564 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Ин маълумотро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 зикр кард.

«Ҳамчунин дар ин давра, вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби судҳо 11 ҳазору 321 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, ба 3 ҳазору 35 нафар огоҳӣ ва нисбат ба 7 ҳазору 64 нафар ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шудааст», — гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи марҳалаҳои судӣ зиёда аз 77 ҳазор парвандаҳо баррасӣ шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 374 адад зиёд мебошад.

«Аммо ин омор маънои зиёд шудани шумораи ҷиноятҳоро надорад, — шарҳ дод Раиси Суди Олӣ, — зеро аксари ин парвандаҳо парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ буда, дар бештар ҳолатҳо баҳсҳои оилавиро дар бар гирифтаанд».

Зимнан, Суди Олии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли равон «омӯзиш ва таҳлили парвандаҳои оилавӣ ва гражданиро доир ба баҳсҳое, ки солҳои охир шумораашон зиёд гардидаанд», анҷом диҳад ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор маълумоту пешниҳодҳо ирсол кунад.

Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зикр кард, ки дар   нимсолаи аввал шумораи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба шахсоне, ки ба созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ пайвастаанд ва ё ҷиноятҳои террористӣ содир кардаанд, кам шудааст. «Сабаби кам шудани чунин парвандаҳо, пеш аз ҳама, дар боло рафтани маърифатнокии ҷавонон мебошад. Одамон дарк карданд ва фаҳмиданд, ки гурӯҳҳои террористӣ, созмону ҳизбҳое, ки номи исломро ба манфиатҳои худ истифода мебаранд, аз ҷумла гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» танҳо ба қатли одамони бегуноҳ ва ғоратгарӣ машғул мебошад».

Саҳми воситаҳои ахбори омма дар кам гардидани парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба амалҳои характери террористидошта зиёд мебошад, зеро матбуот чеҳраи аслии ҷинояткорону террористонро ба мардум нишон дода тавонистааст, — зикр кард Ш. Шоҳиён.

Июль 17, 2017 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад