Рамазон Раҳимзода: «Усули омӯзиши ронандагии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна яке аз беҳтаринҳо ба шумор меравад»
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода баргузор гардид. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон сухан гуфта, ба суолҳои хабарнигорони ВАО посух дод.
Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки нисбат ба соли 2016 дар кишвар рух додани садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфтааст. «Усули имтиҳонгирӣ ва омӯзиш дар самти гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Осиёи Миёна яке аз беҳтаринҳо буда, пурра ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ин самт аз дигар кишварҳо низ ба Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ ташриф меоранд».
Ба иттилои Вазир, аз рӯи оморҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Миёна сатҳи ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ яке аз пастаринҳо ба шумор меравад. «Дар нимсолаи аввали соли равон 591 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки бар асари он 194 нафар ҳалок гардидаанд. Дар натиҷаи бурдани корҳои профилактикӣ ва пурзӯр кардани чораҷӯӣ дар ин самт сатҳи рухдиҳии садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфтаааст»,-изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






