Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ аз қочоқи 400 шиша арақ дар марз бо Қирғизистон ҷилавгирӣ кард
ХОРУҒ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар дидбонгоҳи Қизиларти ноҳияи Мурғоб як нафар тоҷири Ҷумҳурии Қирғизистонро бо 400 шиша арақи бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ боздошт намуданд. Ба гуфтаи нозири калони ин шуъба Манучеҳр Навбаҳоров, дар чанд моҳи охир бисёр тоҷирону соҳибкорони кишвари ҳамсоя бо гуноҳи интиқоли ғайриқонунии маводи худсохти спиртӣ дар ин дидбонгоҳ дастгир карда мешаванд. Чанд ҳафта пеш низ як шаҳраванди ин ҷумҳурӣ бо номи Мавлонова бо 720 шиша арақи дорои спирти этилӣ, ки мехост ба бозори шаҳри Хоруғ ворид намояд, боздошт гардид ва арақҳо пас аз ташхис дар озмоишгоҳ мутобиқи ҳалномаи суд нобуд карда шуданд.
Нозири калони шуъбаи мазкур гуфт, ки ин 400 шиша арақ низ дар ташхисгоҳи бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» мавриди ташхис қарор дода шуд. Ташхис маълум намуд, ки машруботи боздоштшуда худсохт буда, дар таркиби он моддаҳои зиёди зараровар мавҷуд аст.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






