Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо журналистон мулоқот мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 июли соли 2017 дар Душанбе нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) доир мегардад., Мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 11:00 дар бинои ВКД ҶТ таъйин шудааст.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017 ба бинои нозироти андозсупорандагони калон рӯзи 21 июл, соати 9:00 (ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/3) даъват кардааст.
Ҳамчунин пагоҳ 21 июл, соати 8:00 субҳ нишасти матбуотии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (Абу-ҳанифа) дар бинои Донишкадаи мазкур (ш. Душанбе, кӯчаи Шодмонӣ 58/1) ва нишасти матбуотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) гузаронида мешаванд.
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО посух медиҳанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






