Роҳбарони саноат ва хоҷагии ҷангали ИДМ дар Беларус ҷамъ омаданд

Июль 20, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 21 июли соли равон дар Беларус ҷаласаи байниҳукуматии  Шӯро оид ба соҳаи  саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  баргузор мегардад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд.  Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа дар қатори роҳбарону намояндагони идораҳои марбут ба саноати ҷангал  ва хоҷагии ҷангали ИДМ  намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Интизор  меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ миёни идораҳои  соҳаи саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали кишварҳои ИДМ барраасӣ гарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангали ИДМ 19 сол муқадам, соли 1998  бо мақсади ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкориҳо байни идораҳои саноати ҷангал  ва хоҷагии  ҷангали кишварҳои Иттиҳод созмон дода шудааст. Шӯро дар ҳайати худ кишварҳои Арманистон, Беларус, Молдова, Россия,   Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва  Ӯзбекистонро   муттаҳид намудааст.  Раиси Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи саноати ҷангал ва хоҷагии ҷангал дар ду сол як маротиба аз миёни яке аз роҳбарони идораҳои хоҷагии ҷангали ИДМ интихоб мегардад.

 

Июль 20, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад