Рустам Назарзода: «Имсол дар қаламрави Тоҷикистон 51 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ рух дод»
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар натиҷаи офатҳои табиӣ 27 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, зарари моддӣ 14 миллиону 541 ҳазору 400 сомониро ташкил дод. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави кишвар 51 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи онҳо 92 хонаи истиқоматӣ (20 хона пурра), 556.87 гектар майдони кишт, 15 пул ва 7 муассисаи мактабӣ ва томактабӣ зарар диданд.
«Имрӯз Кумита барои бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои мошингард, аз барф ва тарма тоза намудани объектҳои роҳҳои нақлиёт, таҳияи нақшаи нави сохтмони иншоотҳои ҳимоявӣ дар роҳҳои мошингарде, ки аз баландкӯҳҳо мегузаранд, корҳои зиёд анҷом дода, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода тадбирҳо меандешад»,- гуфт Рустам Назарзода.
Ба иловаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти бартарафсозии мушкилот 10 феврали соли равон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода доир гашт, ки дар ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида, бахусус оилаҳое, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






