Рустами Эмомалӣ ҷиҳати кушодани хатсайри нави мусофирбарии дохилишаҳрӣ қарор ба тасвиб расонид

Июль 31, 2017 14:53

ДУШАНБЕ, 31.07.2017./АМИТ “Ховар”/.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он  хатсайри нави таҷрибавии мусофирбарӣ ҷиҳати ба ҳам пайвастани ду канори пойтахт  боз хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.

Тавре дар қарор омадааст, хатсайри нав бо мақсади таъмини сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе бо хизматрасонии босифати мусофиркашонӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рақобати солим дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ кушода мешавад.

Душанбе-102Тибқи ин қарор, ояндаи наздик таҳти рақами 50 нақлиёти ҷамъиятӣ ба хизматрасонии мусофирон шуруъ мекунад ва қисмати ғарбии пойтахтро бо қисмати ҷанубии он ба ҳам мепайвандад.

Хатсайри нави нақлиётӣ маҳаллаи Чоряккорон (самти Ҳисор)-ро бо терминали мусофирбарии ҶСП “Фароз” (самти шаҳри Қӯрғонтеппа) хоҳад пайваст.

Раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки ҷиҳати интихоби субъекти хизматрасон дар хатсайри пилотии мазкур тендер доир карда шавад.

 

Июль 31, 2017 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд