Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон: «Муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон таърихан наздику самимӣ будаанд»
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин нишасти ҷашнӣ дар мавзӯи «Тоҷикистону Ҳиндустон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардид.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо Ёрмаҳмад Ниёзӣ зимни нишаст аз таърихи тӯлонӣ доштани робитаҳои мутақобилаи халқҳои тоҷик ва ҳинд сухан карда, зикр намуд: «Равобити дӯстӣ ва фарҳангии ин ду кишвар имрӯзҳо, хусусан баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рушду густариш меёбад. Ҳиндустон яке аз кишварҳое буд, ки аввалин шуда Тоҷикистонро ба ҳайси ҷумҳурии соҳибистиқлол пазируфт. Сиёсати дарҳои боз, ки муайянкунандаи муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон мебошад, имконият фароҳам овард, то мо бо тамоми кишварҳои ҷаҳон равобити худро дар доираи манфиатҳои муштарак танзим намоем».
Ба гуфтаи Ёрмаҳмад Ниёзӣ, то кунун ҷониби Ҳиндустон барои бахшҳои мухталифи соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва техникӣ дар омодасозии мутахассисон кумак менамояд.
Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош фароҳам овардани заминаи навро барои мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн асоси фаъолияти имрӯза зикр намуда, афзуд, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон таърихан наздику самимӣ будаанд. «Дар давоми солҳои зиёд ташрифҳои мунтазами роҳбарони давлатҳо ба густариш додани робитаҳо мусоидат мекунанд. Мавзӯи нишасти имрӯза ба мо имконият медиҳад, ки дар бораи он дастовардҳое, ки то имрӯз ба даст овардем ва он корҳоеро, ки мо метавонем дар якҷоягӣ баҳри расидан ба рушди иқтисодӣ ва беҳгардонии некуаҳволии мардумамон анҷом диҳем, таҳлилу мулоҳиза намоем. Ҳарду кишварҳоямон анъанаҳои муштараки сулҳ, таҳаммулпазирӣ, баробарӣ, дунявӣ ва бародарии ҳамаи инсонҳоро доранд»,-зикр намуд ӯ.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






