Сайъало Мирзоев: «Паёми Филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе» моҳи сентябр ба нашр мерасад

Июль 28, 2017 08:44

 ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл зимни нишасти хабарӣ директори иҷроияи  филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъало Мирзоев  баён дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони филиали  ДДМ дар шаҳри Душанбе 126 адад корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ба нашр расонида шудаанд.

Ба иттилои номбурда, аз 126 кори илмӣ- тадқиқотӣ  2 ададаш монография, 4 маводи таълимӣ ва 56 адади  дигар  мақолаҳои илмӣ буда, аксарияти онҳо дар хориҷ аз кишвар чоп шудаанд.

«Дар Филиали Донишгоҳ маҷаллаи илмии «Паёми Филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе» таъсис дода  шуд. Шумораи аввалини маҷалла   ба  илмҳои гуманитарӣ бахшида шуда, моҳи сентябр рӯи чоп меояд. Интизор меравад, ки  рӯзҳои наздик маҷаллаи илмии «Паёми Филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе»  аз қайди КОА-и Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов гузарад»,- гуфт Сайъало Мирзоев .

.

Июль 28, 2017 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд