Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ба кор оғоз кард
ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии бунёди Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода, роҳбарияти Раёсати БДА ва шумораи зиёди хабарнигорони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Маҳмадсаид Саидзода ба роҳ мондани Шабакаи ягонаи иттилоотии Раёсати БДА ВКД-ро яке аз самтҳои асосии гузариш ба Ҳукумати электронӣ унвон карда, иброз дошт, ки он барои пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, сари вақт пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ ва осон намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
«Мақсад аз коркард ва ҷорӣ намудани Шабакаи мазкур баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ВКД тавассути истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сода гардонидани тартиб ва кам кардани ҳуҷҷатҳо, коҳиш додани хароҷот, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, автоматикунонии ҳамкориҳои мутақобилаи байниидоравӣ дар ҷараёни қабул кардани қарорҳои идоравӣ, инчунин таъмини фаврият ва назорати натоиҷи фаъолияти таълимӣ мебошад»,-изҳор дошт Маҳмадсаид Саидзода.
Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷроиши талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 декабри соли 2011, аз соли 2014 ба бунёди Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ шурӯъ намуда буд.













Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






