Шералӣ Сиддиқзода: Фаъолияти Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити таҳсил равона шудааст
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон директори иҷроияи ин ниҳод Шералӣ Сиддиқзода иброз дошт, ки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ҳоло дар доираи ду барнома фаъолият менамояд. Инҳо марҳилаи сеюми «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва «Барномаи сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» мебошанд, ки муҳлати ниҳоии барномаҳо охири соли равон муайян карда шудааст.
Ба гуфтаи номбурда, маблағи умумии барномаҳои мазкур 11,7 миллион долларро ташкил менамояд, ки аз ин 7,4 миллион доллар ба вилояти Хатлон ва 4,3 миллион доллар ба ноҳияҳои минтақаи Рашт пешбинӣ шудааст.
«Мақсад ва вазифаи асосии барномаҳои «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва «Барномаи сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои фарогир буда, дар ҷараёни он мактабҳои лоиҳавӣ бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд»,- гуфт директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон.
Ба иттилои Шералӣ Сиддиқзода, дар доираи барномаҳо сохтмони 28 бинои нави таълимӣ пешбинӣ шуда, биноҳо аз 8- 10 синфхона иборат мебошанд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






