Сохтмони роҳи харобгаштаи деҳаи Ширговади Дарвоз оғоз ёфт
ХОРУҒ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи махсуси Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо мақсади сохтмони роҳи нав ба таркондани кӯҳи азим шурӯъ намуд. Ин қитъаи роҳ 800 метр тӯл дошта, комилан аз кӯҳи хоро иборат аст.
Сардори идораи роҳсозии ноҳияи Дарвоз Сулаймон Муллоёров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки роҳи пештара тамоман зери об монда, бунёди роҳи нав оғоз гардид. Таркондани кӯҳ ба зиммаи мутахассисони Вазорати мудофиа ва бунёди роҳ бошад, ба ӯҳдаи Вазорати нақлиёт ва як ширкати чинӣ гузошта шудааст.
Барои бунёди роҳи нав бояд 83 ҳазор метри кубӣ корҳои таркишӣ анҷом дода шаванд. Ба қавли мутахассисон, агар дар як рӯз то 500 метри кубӣ корҳои таркиширо анҷом диҳанд, баъди як моҳ роҳи нав аз камари кӯҳ ба рӯи мошинҳои мусофирбару боркаш кушода хоҳад шуд.
Дар айни ҳол мошинҳои мусофирбару боркаш ба воситаи ағбаи Хобурубот ҳаракат мекунанд. Азбаски сатҳи ин ағба хеле баланд аст, мошинҳои боркаши аз 40 тонна боло ба душворӣ онро тай мекунанд. Аксарияти соҳибони чунин мошинҳои боркаш аз баромадан ба ин ағба худдорӣ карда, интизори боз шудани роҳи нав мебошанд.













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






