Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ТЭТ ҲНИТ-ро дар қатори ДИИШ ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил намуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Расонаи бонуфузи хабарии Олмон «Abendzeitung Munchen» бо истинод ба сомонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар медиҳад, ки дар мувофиқат бо Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти рақами №79, ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд. Қаблан ба ин рӯйхат чунин созмонҳои террористӣ, монанди «Ал-Қоида», ДИИШ, Ҳаракати Толибон, «Бародарони мусалмон» ва ғайра номнавис шуда буданд.
Дар ҳолати ҳозира, чанде аз роҳбарону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИТ таҳти роҳбарии M. Кабирӣ дар давлатҳои ғарбӣ будубош доранд. Ҷомеаи олмонӣ, ки аз амалишавии силсилаактҳои террористӣ сахт нигарон мебошад, аз ҳузур ва баромадҳои эътирозии Кабирию пайравонаш (ҳарчанд таъсиргузор набошанд ҳам), аз он ки дафтари ин ҳизби террористӣ дар қаламраваш қарор дорад, дар ташвиш афтодаанд.
Наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, инчунин ташвиқоту тарғибот машғуланд. Дафтари онҳо барои пурра намудани сафи ҷангиёни ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ховари Наздик меҷанганд, истифода мешавад. Дар ҳамин ҷо иртибот бо таблитғгарони гурӯҳҳои террористӣ барқарор мегардад, шартномаҳо ба имзо мерасанд, аъзои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтаи ҲНИТ паноҳ меёбанд.
ТЭТ ҲНИТ ташкилотчӣ ва гунаҳгори асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷаи муқовимати шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 1 миллион сокини осоишта фирорӣ гардиданд. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА хисорот расид. Дар ҳамин давра, бо роҳнамоӣ ва пуштибонии ТЭТ ҲНИТ беш аз 500 нафар ҷавонони тоҷикистонӣ барои таълимгирӣ ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуданд. Айни замон, аксарияти онҳо узви фаъоли созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошанд.
Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ», «Гурӯҳи-24» ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИТ мебошанд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ M.Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи A. Назарзода дар Тоҷикистон аст. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интерпол эълон шудааст. Дар рӯйхати ашхоси таҳти ҷустуҷӯ қарордошта, ному насаби номбурда бо нишонаи сурх ишора шудааст, ки маънии фавран боздошт шуданро дорад.
Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҳудуди қаламрави давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки ҳудуди умумии 34,3 млн. километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 3,3 миллиард нафар дар бар мегирад, ҳамоҳанг месозад. Кишварҳои узви ин ташкилот барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиатдор мебошанд.
Матлаби мазкур дар асоси ахбори
ВАО-и хориҷӣ таҳия шуд








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд






