Сокинони Хуҷанд масъулияти ватандӯстӣ, тарзи либоспӯшии миллӣ ва анъанаҳои хоси миллии тоҷикиро ба хубӣ дарк менамоянд

Июль 25, 2017 11:47

ХУҶАНД, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мардуми тоҷикро водор намуд, то ба таърих ва анъанаҳои миллии худ бори дигар рӯ оварда, анъанаҳои хоси тоҷикона, аз ҷумла либоспӯшии миллиамонро ҳифз намоем.

Дар ин ҷода  масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри  пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, омода намудани фарзандон, аз ҷумла  духтарони ҷавон ба ҳаёти мустақилона, тарғиби ҳунари кадбонугии занон дар миқёси шаҳр бо занону духтарон суҳбату вохӯриҳои судманд доир менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода иттилоъ дод, мутобиқ ба дастури шаҳрдори Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода дар маркази вилояти Суғд бо мақсади  таблиғи арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспӯшии бегона, пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна  ҳаракату  ҷараёнҳои ифротӣ ва таҳкими  корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, соли равон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. То ин дам аз ҷониби ин гурӯҳ дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Гурӯҳи корӣ аз 100 нафар ва 21 зергурӯҳ иборат буда, ба ҳар як гурӯҳ фаъолзанон, вакилони шаҳрӣ, собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд, ходимони  дин,  аъзои Шӯрои бибиотунҳо, раисони  кумита  ва шӯрои занҳои маҳалла, инчунин зиёиён шомил буда, ҳафтае як маротиба дар назди муовини раиси шаҳр маҷлиси натиҷагирии фаъолияти кории ин гурӯҳҳо доир мегардад.

Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло бархе аз занон моҳияти либоси ғайримиллӣ, хосатан либосҳои сиёҳеро, ки ба анъанаҳои миллии мо ягон иртибот надоранд, дарк намуда, аз тақлидкории ноогоҳона даст кашида истодаанд.

Гурӯҳи корие, ки ба он масъулини шуъбаҳои кор бо занон ва оила, робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, нозирони  минтақавӣ, намояндагони соҳаи маорифу тандурустӣ, фаъолзанон ва раисони маҳаллаву шӯроҳои занон шомиланд, тибқи нақшаи корӣ шурӯъ аз 11 апрели соли равон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳафтае 4 маротиба суҳбатҳои тарғиботӣ ва мулоқот бо сокинонро  доир менамояд.

То имрӯз аз ҷониби гурӯҳи мазкур дар 7 бозор, 22 маҳаллаи шаҳр, беш аз 20 маркази савдо бо сокинон ва кормандону фурӯшандагони онҳо мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Аксарияти мардуми шаҳри Хуҷанд иқдоми пешакардаи гурӯҳҳои кориро  ҷонибдорӣ намуда, масъулияти ватандӯстӣ, тарзи либоспӯшии миллӣ ва анъанаҳои хоси миллии тоҷикиро ба хубӣ дарк менамоянд. Зеро либоси миллӣ дар баробари забону фарҳанг  аз рукнҳои асосии ҳастии миллатамон маҳсуб мешавад.

Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба тарғиби либосҳои миллӣ дар Хуҷанд _3 Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба тарғиби либосҳои миллӣ дар Хуҷанд

Июль 25, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад