«Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» ҳуқуқи кӯдакони маъюбро ба таҳсилоти босифат таъмин месозад

Июль 7, 2017 16:24

ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш  ҷиҳати муаррифии Лоиҳаи «Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2020»  бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва  Воситаҳои ахбори омма   баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  Раҷабмо Ҳабибуллозода зикр кард, ки дар низоми мақомоти давлатӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак пешравии назаррас аст.

Таҳияи Лоиҳаи «Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2020»    бо мақсади  боз ҳам ташаккул  додани фаъолияти ин мақомот  ва риояи ҳуқуқу озодиҳои  кӯдак  нигаронида шудааст.

Сипас,  сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак А. Содиқов  Лоиҳаи мазкурро  барои иштирокдорони ҳамоиш муаррифӣ намуд.

А. Содиқов зикр кард, ки  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ин Стратегия ба самти  ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсилоти босифат   афзалияти  бештар дода,  ҳадафи асосиро мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба кӯдакони маъюб тақдим намудани таҳсилоти босифат арзёбӣ намудааст.

Стратегияи мазкур аз муқаддима ва 2 боб иборат буда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои  зикршуда Нақшаи амал барои солҳои 2018-2020  тарҳрезӣ  шуда, дар он чорабиниҳои мушаххас барои соли 2018 ҷой дода шудааст.

Баъди муаррифии Лоиҳаи  Стратегияи мазкур  намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ  фикру андешаи худро доир ба  он баён намуда, ҷиҳати мукаммалгардониии  ин Лоиҳа  таклифу пешниҳод намуданд.

Раҷабмо Ҳабибуллозода   ба иштирокдорон барои пешниҳодҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки фикру дархостҳои созандаи онҳо  ҷиҳати мукаммалгардонии Стратегияи мазкур  ҳатман ба инобат гирифта мешавад.

Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки  амалишавии Стратегияи мазкур дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак  мусоидат хоҳад кард.

Июль 7, 2017 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид